24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ба сӯйи фатҳу нусратҳои нав ба пеш!»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

101
«Ба сӯйи фатҳу нусратҳои нав ба пеш!»,- шарҳи матбуоти даврии ТоҷикистонНашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи №176 (24 535), сешанбе, 13 сентябри соли равон мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова ва гузориш аз ифтитоҳи иншооти нав бо ҳузури Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ва хабарҳои муҳим зери рубрикаи «Тоҷикистон»-ро нашр намудааст.

Инчунин хонанда имкон дорад, ки аз ин шумора доир ба мавзӯъҳои муҳими рӯз зери сарлавҳаҳои «Ховалинг. Барои пешрафти ноҳия заминаҳои воқеӣ фароҳам омадаанд», «Додараки фариштаҳо»- дастранҷи киносозони тоҷик соҳиби ҷоиза шуд!», «Ҳайкали Фирдавсӣ акнун Самарқандро зинат мебахшад» ва аз рубрикаҳои «Варзиш», «Ҷаҳон» ва «Ҷаҳон дар як сатр» огоҳӣ пайдо намояд.

Дар шумораи №175 (24 534), душанбе, 12 сентябри соли равон суханронии Пешвои миллат зимни маросими ба истифода додани майдони «Истиқлол» ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ зери сарлавҳаи «Ба сӯйи фатҳу нусратҳои нав ба пеш!» нашр гардидааст, ки дар он Сарвари давлат чунин иброз намудаанд: «Тамоми азму талош, ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар сокини кишвар, таъмин намудани истиқлолияти энергетикии он, ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва ба кишвари пешрафтаву саноатӣ табдил додани Ватани маҳбубамон равона шудаанд.

Вобаста ба ин, як нуктаи муҳимро хотирнишон менамоям.

Имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.

Мо минбаъд низ бояд бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаву созандаи худ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо намоем ва тамоми имконияту иқтидорамонро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлол ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ сафарбар созем».

Хонандагон метавонанд дар баробари хабару гузоришҳо оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, инчунин вобаста ба камобӣ ва сарфаи он аз матлаби рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ таҳти унвони «Конибодом. Чораи рафъи камобӣ сарфакорист!!!» маълумот пайдо намоянд.

Ҳамчунин дар ин шумора метавон нигоштаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро зери сарлавҳаи «Истиқлоли давлатӣ. Неъмати бебаҳои таърих ва зербинои давлатдории миллӣ» мутолиа намуд. Дар ин матлаб муаллиф чунин нигоштааст: «Истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад, ки Тоҷикистони азизро ба марҳилаи хоси таърихӣ ворид намуда, бо ҷомеаи ҷаҳон пайваст. Мутаассифона, дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ гурӯҳҳои ҷинояткор таҳти роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ вазъро ноором карда, мунтаҳо мунҷар ба даргириҳои низомӣ шуданд. Куштори мардуми бегуноҳ, террори тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дуздӣ ва ғоратгарӣ ба авҷи аъло расида, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони бегуноҳ беному нишон шуданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарари беандоза расонда шуда, манзилҳои зист иншооти ҳаётан муҳиму дорои аҳамияти стратегӣ харобу валангор гардиданд. Зиёда аз як миллион нафар шаҳрвандон гуреза ва садҳо нафар мутахассисони барҷаста тарки кишвар намуданд».

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 14 сентябр, №115 (4535) дар саҳифаи аввал аз ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузориш дода, инчунин зери сарлавҳаи «Оштинопазир ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ» маводи таҳлилӣ чоп намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «Нависандагӣ ҷавониамро рабуд, вале ба хислатам солорӣ афзуд», «НБО «Роғун»- таҳкимбахши истиқлолият», «Бо табиат муносибати дуруст намоед» мавод ба нашр расидаанд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №38 (20371), 14 сентябри соли ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат, суханронии Пешвои миллат бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Памир-центр научных исследований», «Росатом проведет реабилитацию территории промплощадки Табошар», «Молодежь- будущее нации», «Мелиораторы- специалисты, возрождающие землю» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №36 (1382), чоршанбе, 14 сентябри соли 2022 Паёми шодбошии Сарвари давлат ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи майдони «Истиқлол» ва иншооти нав дар шаҳри Душанбе ва зери сарлавҳаҳои «Саҳми созмонҳои ҷавонон бояд дар рушди ҷомеа бориз бошад», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ — иҷлосияи тақдирсози миллат», «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Истиқлол ва рушди китобдорӣ» ва ғайра мавод ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумораи рӯзнома хабару мақолаҳо оид ба фаъолияти ҲХДТ ва дигар маводи ҷолиб чоп шудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво