ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад![]() ![]() Аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30-дақиқа, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд. Хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд. Айни замон, талошҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд. АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |