24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон бунёди 876 иншоот ба нақша гирифта шудааст

247
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон бунёди 876 иншоот ба нақша гирифта шудаастДар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ сохтмони 876 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ҳоло дар миқёси вилоят аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи профессор Моёншо Назаршоев, бинои 12-ошёнаи хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ, ду блоки биноҳои истиқоматӣ ва бинои Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Роштқалъа, майдони варзишӣ барои 4000 ҷои нишаст дар ноҳияи Ишкошим, бинои кӯдакистон барои 200 нафар ва бинои комплекси хизмати маишӣ дар ноҳияи Ванҷ идома дошта, аксарашон имсол ва боқимонда соли оянда ба истифода дода мешаванд.

Айни замон дар вилоят сохтмони таваллудхонаи вилоятӣ, табобатхонаи бемориҳои сил, бунёди 20 бунгоҳи тиббӣ дар деҳот ва дигар иншоотҳои соҳаи тандурустӣ идома доранд.

Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди биноҳои нави беморхонаи марказии вилоятӣ, корпуси дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 4 ва 6 дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, дар шаҳр имсол 2 километр роҳ чароғон ва 6 километри дигар мумфарш карда мешавад.

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон бунёди 876 иншоот ба нақша гирифта шудааст


Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Бадахшон бунёди 876 иншоот ба нақша гирифта шудааст


Дар маркази ноҳияи Роштқалъа лоиҳакашии сохтмони бинои Қасри фарҳанг аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчунин бунёди варзишгоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон соли 2023 идома меёбад.

Сохтмони бинои хонаҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон ва Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар ноҳияи Ванҷ аз ибтидои соли оянда оғоз мегардад. Дар ноҳияи Дарвоз аз ин ҳисоб сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва толори варзишӣ дар деҳоти «Сағирдашт» мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво