28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бинои нав барои кормандони Раёсати адлия дар Хоруғ

796
Ҳоло дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони зиёда аз 217 иншоот бо арзиши қариб 900 миллион сомонӣ идома дорад. 48 адади ин биноҳо дар шаҳри Хоруғ сохта мешаванд. Ин нуктаро раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед зимни табрики кормандони Раёсати адлияи вилоят ба хотири соҳиби бинои зебову барҳаво ва дорои тамоми шароити маъмурию маишӣ шудан баён дошт. Ҳамзамон изҳори умед карда шуд, ки баъд аз ин онҳо ба ҳар як дархости сокинони вилоят сари вақт ва ба таври комил посух хоҳанд дод.
Бинои нав барои  кормандони Раёсати адлия дар Хоруғ
Таҳкурсии бинои Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи соли гузашта гузошта шуд. Барои бунёди ин бино Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Сохтмонро бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуҷаназар» ба уҳда гирифта, мутобиқи нақша дар давоми каме бештар аз як сол онро ба истифода доданд. Бино аз таҳхона, 40 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст.

Сардори Раёсати адлияи вилоят Зиёратшо Ғайратшоҳзода гуфт, ки “то ба имрӯз сохторҳои раёсати адлия, ба мисли идораи нотариалӣ, иҷрочиёни судӣ, бюрои ҳуқуқӣ, филиали Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр фаъолият доштанд. Аз ин рӯ ниёзмандон барои пайдо кардани онҳо вақти зиёд масраф мекарданд”.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво