29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ

773
Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ
Бо ташаббуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 ноябри соли 2017 бо мақсади муайян намудани дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди лоиҳакашӣ, муҳокимаи масъалаҳои бехатарии сейсмикии шаҳрҳо ва минтақаҳои аҳолинишин, конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани бехатарии сейсмикии шаҳрҳо ва минтақаҳои аҳолинишин» баргузор гардид.
Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ


Дар кори конфренсия Муовини президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Абдусаттор Самадович, Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотӣ Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович, Салимзода Муҳаммадҷон Масеҳҷон - Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Хадамоти геофизикии АИ ҶТ Негматуллоев Собит Файзуллоевич, Кобулив Зайналобиддин Валиевич – Директори масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, Ситников Сергей Лвович – номзади илмҳои техникӣ, академики Академияи масъалаҳои сифати Федератсияи Россия ва дигар намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳҳо, фармоишгарону ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.
Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ Муовини якуми раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Абдуалимзода Абдукарим ба масъалаҳои ҳодисаҳои табиӣ аз қабили заминҷунбиҳо ва хисороти он рӯ оварда, қайд намуд, ки бояд сатҳи фарҳанги ҷомеа оид ба хатари сейсмикӣ баланд бардошта шавад.Таъсири хатарҳои заминларза ба бинову иншоотро омӯхта, ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳо ин масъаларо ҳам аз мадди назар набояд дур кард. Муовини якуми Кумита дар идома ба ҳамкориҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ бо Академияи илмҳои ҶТ ишора намуда, навбати суханро ба Муовини президенти АИ ҶТ Абдусаттор Саидов дод.
Бинобар ҷойгиршавии Тоҷикистон дар як минтақаи сейсмикӣ ин масъала тақозо менамояд, ки ҳамеша таҳти назорат, таҳқиқ ва муҳокима бошад, – иброз дошт Абдусаттор Саидов.- «Дар АИ омӯзиши мониторинги масъалаҳои сейсмикӣ яке аз самтҳои афзалятноки тақиқотҳои илмӣ ба ҳисоб меравад ва ба ин масъала Хадамоти геофизикии назди АИ ҶТ ва инситути геология ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар машғул ҳастанд»-илова намуд ӯ.
Бо дастгирии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» қабул гардид, ки самти ҳуқуқии онро ба танзим медарорад. Ҷамшед Саидов – Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоотӣ зимни сухани худ аз мақсадҳои таҳия ва қабули ин қонун ҳарф зад. Номбурда ёдовар шуд, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 майи соли ҷорӣ тасдиқ гаштааст. «Қонуни мазкур бо мақсади амалӣ намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сейсмикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он аз 7 боб ва 29 модда иборат аст».Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ
Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ
Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ

Заминҷунбиҳои сахту харобиовар ба ҳолатҳои фавқулодаи табиат таалуқ дошта, боиси марги одамон мегардад. Дар баробари ин ба иқтисодиёти кишвар низ зарари калон мерасонад. Дар ин ҷода масъалаҳои бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодда ба миён меояд, ки бевосита ин масъулият ба души Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. Муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Салимзода Муҳаммадҷон дар навбати худ аз ҳодисаҳои табии дар Тоҷикистон рухдода ҳарф зада, ишора намуд, ки яке аз сабабҳои талафоти зиёди иқтисодӣ ҳангоми чунин ҳодисаҳо, ин пеш аз ҳама ҷавобгӯ набудани иншооти сохташуда ва риоя накардани талаботи сохтмон мебошад. -«Мо бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҷойҳои ҳодиса қарор доштем ва тибқи хулосаи мутахасиссони сохтмон қарор қабул карда шуд, ки бинобар риоя накардани меъёрҳои сохтмонӣ чунин ҳолатҳо рух додаанд» - қайд намуд Салимзода Муҳаммадҷон.Конференсияи илмию-амалии ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ

Тибқи нақшаи конфренсия дар қисмати маърӯзаҳои пленарӣ Умаров Улуғбек - Дректори КВД Пажӯҳишгоҳи илмию татқиқотии Сохтмон ва меъморӣ дар мавзӯи «Самтҳои асосии баланд бардоштани бехатарии сейсмикӣ дар Тоҷикистон» баромад намуд. Дар баробари ин Собит Негматуллоев бо маърӯзаи худ - “Ҳолатҳои муосир ва рушди дурнамои сейсмологӣ ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар Тоҷикистон”, академик Ситников Сергей Львович бо мавзӯи “Введение технологии преднапряжения. Технология преднапряжения в мостовых конструкциях” ва Пулод Ясунов - Муовини директор оид ба илм ва таълим, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ дар мавзӯи “Пешбурди илмию техникӣ дар Тоҷикистон” баромад намуданд.
Ҳамин тавр, дар ҷаласаи кории конфренсия, ки дар қисмати дуюми он пешбинӣ шуда буд, дигар масъалаву проблемаҳо ва мавзӯъҳои вобаста ба чорабинӣ баррасӣ гардиданд.
Н.Раҳмат
мухбири “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво