5 декабр 2023, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Вашингтон 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд

192
Дар Вашингтон 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд8 сентябр ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ҳамоиш тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон хабар доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони ҷамъятҳои тоҷик, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Вашингтон таҳсил ва фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.

Ҳамоишро мушовири Сафорати Тоҷикистон дар ИМА Пайрав Амирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Зимни суханронӣ аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Инчунин, дар ҳамоиш Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мамадназаров Абдусалом, намояндаи ҷамъяти тоҷик Фирӯз Ҷонбилов суханронӣ намуданд.

Дар Вашингтон 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд


АКС: Сафорати Тоҷикистон дар ИМА




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво