18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Идат муборак, эй Ватан!

197
8 сентябр дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ - 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор мегардад.
Дар ин чорабинии ҷашнӣ муовини якуми Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Мирзозода Ато Мирхоҷа, нависанда, мудири шуъбаи маҷаллаи «Садои Шарқ» - Баҳманёр Муродӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур - Каримзода Нилуфари Раҳмоналӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд. Ташрифи меҳмононро ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода У.Х. хайрамақдам гуфт.
Пас аз хондани суруди миллӣ номбурда ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумита бо ин санаи муборак, ҷашни бузурги халқи тоҷик, 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда аз ҷумла чунин гуфт:
- Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи сӣ соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.
Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.
Идат муборак, эй Ватан!

Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.
Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд.
Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.
Вале хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.
Ҳарчанд ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат оташи ҷанги бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.
Дастовардҳои бузурги мо дар тӯли 31 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдор, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни ҳама табақаҳои ҷомеа мебошад.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Имрӯз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Идат муборак, эй Ватан!

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб гардад. Муҳимтарин талабе, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани худ, миллати худ, Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтарро сохтан мумкин аст.
Муовини якуми Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Мирзозода Ато Мирхоҷа дар сухани табрикии худ қайд намуд, ки боиси сарфарозии мост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз баракати Истиқлолият дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму талош дар марҳилаи навини давлатсозӣ қадамҳои устувор гузошта, давра ба давра нақшаҳои азими бунёдкориро татбиқ менамоянд ва барои рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат ва рӯзгори осудаю шоистаи аҳолии кишварамон замина фароҳам меорад.
Аз ҷумла, шумо -кулли кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории мамлакат, ки фаъолияти худро бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии сарзамини аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро гузошта истодаед.
Идат муборак, эй Ватан!

Ободии Ватан ва осоиши мардум аз ҳар яки шумо фаъолияти шабонарӯзӣ ва кори содиқонаву софдилона мехоҳад. Барои ин шумо бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкардаву нақшаҳои пешгирифтаатонро зина ба зина пеш баред ва барои торафт беҳтар гардонидани сифати иншооти бунёдшаванда талош варзед.
Шумо бояд раванди созандагиву бунёдкориро минбаъд низ ҳадафи асосии худ қарор дода, истифодаи самараноки ҳамаи воситаву захираҳои мавҷударо барои идома додани корҳои созандагӣ, рушди устувори иқтисодӣ, ободии диёр ва таҳкими имкониятҳои воқеии кишварамон таъмин намоед.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуда буданд: «…Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».
Итминони комил дорам, ки сохтмончиён ва меъморони мамлакат аз уҳдаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо сарбаландӣ баромада, дар самти боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми муносиб мегузоранд.

Идат муборак, эй Ватан!

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда гузоштан дар ташвиқу тарғиби барномаҳо ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ кормандони Кумитаро бо Ифтихорномаи ҳизб қадрдонӣ намоянд.
– Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфари Раҳмоналӣ суханронӣ намуда ба чанд нафар аз кормандони Кумита мукофотҳо супурд.
Дар анҷоми ҷамъомади тантанавӣ Умарзода У.Ҳ. аз номи роҳбарияти Кумита меҳмононро барои иштирок дар чорабинии имрӯза ва қадрдонии кормандон бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур миннатдорӣ намуд.
“РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво