23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН». Дар Нашриёти «Ирфон» китоби нав чоп шуд

225
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН». Дар Нашриёти «Ирфон» китоби нав чоп шуд«Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосири Тоҷикистон» — таҳти чунин унвон Муассисаи нашриявии «Ирфон» китоби номзади илмҳои фалсафа Ойниёл Назриеваро дар матбааи ҶДММ «Аржанг» ба нашр расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар нашриёти мазкур.

Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст.

Дар маҷмӯаи мақолаҳо таҳқиқи масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, баррасии муваффақияти мамлакати мо дар кори ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши ҷиҳатҳои гуногуни ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ дар ҷомеаи муосир ва дигар мавзӯъҳо таҳлил ва баррасӣ гардидаанд.

Маҷмӯа ба соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он зикр шудааст, ки ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки имрӯз ба туфайли ин неъмат дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад».

Маҷмӯаи мазкур барои хизматчиёни давлатӣ, муҳаққиқон, таҳлилгарон, омӯзгорон ва шахсоне, ки ба масъалаҳои идеяи миллӣ, истиқлолият, пойдории сулҳу суботи давлат ва ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ шудааст.

АКС: МН «Ирфон»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво