25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷонибаро таҳким мебахшанд

141
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷонибаро таҳким мебахшанд8 сентябр дар шаҳри Риёз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ Холид Ал Фолеҳ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот атрофи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони саудӣ ба бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба аҳаммияти баргузории даври навбатии ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 7 сентябр дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ нахустин ҷаласаи муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ин нишаст Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар поёни ҷаласа Баёнияи муштарак, инчунин Харитаи роҳи ҳамкории муштарак барои солҳои 2023-2027 қабул гардид.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво