Миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Русия Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
210
6 сентябр миёни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Русия Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ёддошти ҳамкорӣ зимни сафари кории Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба Федератсияи Русия ба имзо расид. Дар ҷараёни мулоқот Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Русия Михаил Шмаков ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни ҷонибҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ аз ҷараёни ҳамкории дуҷониба ҷиҳати вусъати ин раванд имзои Ёддошти ҳамкориро, ки қаблан мувофиқа шуда буд, саривақтӣ шумориданд. Меморандуми ба имзорасида барои вусъати ҳамкории гуногунҷабҳаи дуҷониба мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо Котиби генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба Владимир Шербаков мулоқоти корӣ доир намуд. Зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷараёни мулоқот Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баҳри саҳмгузорӣ дар рушди ҳаракати иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) бо «Нишони нуқрагини 30-солагии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба» қадрдонӣ гардид. Акс: ФИКМТ
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |