12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаи таълимӣ ва маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуданд

215
БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаи таълимӣ ва маркази саломатии деҳот ба истифода дода шудандДар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оғаи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва Раиси шаҳр Парвиз Акрамзода бинои замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №114 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №114 аз 10 синфхона иборат аст. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани таълимгоҳи мазкур туҳфаи арзишманди соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳот ба хонандагону устодони ин маҳаллаи дурдаст дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сокинони шаҳри Турсунзода ин ҷашни зебои Ватанро бо рӯҳияи идона ва бо пайкори созанда истиқбол мегиранд.

Ин аст, ки дар доираи ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ бо иштироки меҳмонон дар деҳаи дурдасти Навободи Ҷамоати деҳоти Регар маркази саломатии деҳот ба истифода дода шуд. Маркази саломатии деҳоти Янги-қишлоқ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва кумаки соҳибкорони маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки ба 900 нафар аҳолии ин ҷамоат кумаки тиббӣ мерасонад.

Дар ҷамъомади ифтитоҳи ин биноҳои замонавӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Турсунзода бо аҳолии ин деҳоти дурдаст суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид доштанд, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия намуда, дар созандагию бунёдкории диёри хеш саҳми арзанда гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво