15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Файзобод 3 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд

172
Дар ноҳияи Файзобод ба шарафи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои асосии муассисаи таълимии №42 барои 300 нафар дар ду баст дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Дустмурод Алиев, бинои асосии муассисаи таълимии №58 барои 300 нафар дар ду баст дар деҳаи Бини Сумчи Ҷамоати деҳоти Чашмасор ва ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №4 барои 50 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Файзобод 3 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд
Муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми сокинону соҳибкорони деҳаҳои мазкур сохта шудаанд. Мушкилоти асосӣ дар ин деҳаҳо нарасидани ҷойи нишаст ва муҳайё набудани шароити таҳсил буд, ки хушбахтона, бо дастгирии Раиси ноҳия Бобишо Холзода ва саҳми сокинон ин мушкилӣ пурра бартараф гардид.

Дар ноҳияи Файзобод бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ин ҷашни таърихӣ 9 иншоот, аз қабили коргоҳи истеҳсоли чӯбу тахта, маркази саломатӣ дар деҳаи Себистон, бунгоҳи тиббӣ, осиёб ва марказҳои хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.

Мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ноҳия сохтмони беш аз 100 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қисме аз онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Аз ин иншоот ба соҳаи маориф 11 адад, фарҳанг- 2 адад, тандурустӣ- 5 адад, варзиш- 3 адад ва саноат- 7 адад рост меояд.

Инчунин корҳои бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои баландошёна, роҳҳои маҳаллӣ ва гузарондани хатҳои оби ошомиданӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ҷараён доранд.

БА ИСТИҚБОЛИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Файзобод 3 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешаванд

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво