19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ба Ватан баргашт

849
Шаби гузашта, соати 2:00 ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва ҳамроҳонаш пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо иштироки беҳтарин варзишгарони сайёра баргузор гардид, баъди ба даст овардани ғолибият ба Тоҷикистон омаданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар маросими истиқболи ҷаҳонпаҳлавонони тоҷик раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, раиси ноҳияи Варзоб, мураббиёни шинохтаи кишвар, дӯстдорони варзиш ва ҳаводорони гӯштин иштирок намуданд.
Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ба Ватан баргашт



Нахуст тибқи анъанаи миллати тоҷик ба чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода либосҳои миллӣ пӯшонида, бо гулу гулдастаҳо, ки баёнгари садоқат ва муҳаббати ҳамватанон буд, ӯро гарм истиқбол намуданд.
Садҳо нафар ҳаводорони ҳунари Беҳрӯз ӯро рӯ–рӯи даст бардошта, «Парчамбардори миллат» ва «Ифтихори миллат» гӯён нидо мекарданд.
Беҳрӯз Хоҷазода дар ҳолати шодиву нишот иброз дошт, ки «маҳз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон буд, ки ман рӯҳбаланд гардидам. Ин дастгириҳо ба ман имконият доданд, ки чемпиони ҷаҳон шавам.
Ман ҳамзамон барои мусоидат ва дастгириҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво