4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАББУСҲОИ МАРБУТ БА ОБИ ТОҶИКИСТОН. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»

233
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАББУСҲОИ МАРБУТ БА ОБИ ТОҶИКИСТОН. Баррасии масъала дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик буда, мавҷудияти он боиси пешрафт ва муаррифии мамлакати мо дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Маҳз бо шарофати Истиклолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷиро ҳамчун сиёсати бисёрсамта, мутавозин ва санҷидашуда рушд дода, дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти ҳалталаби ҷаҳон, аз ҷумла, масоили марбут ба об саҳми арзанда мегузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 31 соли истиқлолият дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан дар радифи кишварҳои мутараққии олам мақоми шоиста касб намудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Сиёсати хориҷии шаффоф ва усули «дарҳои боз» дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи ҷомеаи байналмилалӣ гардад, равобити сиёсӣ ва ҳамкории судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ монад. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла, масъалаҳои муҳими экологӣ ба самъи ҷаҳониён расонида мешаванд.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани соли 2003 — Соли байналмилалии оби тоза, ки 1 октябри соли 1999 сурат гирифта буд, қадами нахустини Тоҷикистон дар масъалаи об гардид, ки ин иқдоми созанда маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии мамлакат амалӣ гардид,

Ташаббусҳои башардӯстона ва беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи таъмин намудани аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ, обёрӣ намудани заминҳои хушкида ва дигар иқдомҳои байналмилалӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлати ҷавони тоҷикон миёни мамлакатҳои ҷаҳон мавқеъ ва манзалати хос пайдо намудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ дар соҳаи обро нишонаи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо номида, пайваста дар ин масъала саъю талош ба харҷ медиҳад.

Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи нақши Истиқлолияти давлатӣ дар амалӣ гардонидани ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» бо иштироки муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар АШӮРОВ дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа БАҲРОМЗОДА ва коргардон Наврӯзи НУРУЛЛО пешниҳоди шунавандагон мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво