Ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Хуҷанд ярмаркаи маводи озуқаворӣ ташкил мешавад
226
Ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 3 то 9 сентябр дар мавзеи назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезӣ, маҳсулоти шириву қаннодиро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон менамоянд. АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |