20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Пешвои миллат: «Ояндаи миллату давлат ба наслҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста аст»»,- шарҳи матбуоти даврии ҷумҳурӣ

157
«Пешвои миллат: «Ояндаи миллату давлат ба наслҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста аст»»,- шарҳи матбуоти даврии ҷумҳурӣНашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» дар шумораи №170 (24 529), панҷшанбе, 1 сентябри соли равон зери сарлавҳаҳои «Пешвои миллат: «Ояндаи миллату давлат ба наслҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста аст»» суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш нашр намудааст, ки дар он чунин омадааст: «…Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем.

Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.

Мехоҳам таъкид намоям, ки бо Дарси сулҳ оғоз гардидани соли нави хониш барои мо – мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти махсус дорад. Сокинони кишвари мо ҳанӯз дар оғози солҳои навадуми асри гузашта даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузарониданд ва сабақҳои талхи он фоҷиаи миллиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд».

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти сарлавҳаи «Ифтихор аз ибтикор ва пайкорҳои созанда» маводи таҳлилӣ вобаста ба бунёдкориҳо дар даврони 31 соли Истиқлолияти давлатӣ нашр гардидааст. Инчунин хонандагон имкон доранд, ки дар ин шумора аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ ва оғози сохтмони дигар муассисаҳо дар шаҳри Душанбе воқиф гарданд.

Дар шумораи №168 (24 527), сешанбе, 30 августи соли равон хонандагон метавонанд дар баробари хабару гузоришҳо оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат, инчунин вобаста ба иқдоми беназир дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ, яъне баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи мамлакат аз мақола таҳти унвони «Агентии содирот. Иқдомҳои беназир дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ» маълумот пайдо намоянд. Ҳамчунин метавон матлаби рӯзноманигор Иронбӣ Мӯсозодаро зери сарлавҳаи «Мушкили сифат дар либоси мактабӣ. Роҳи ҳал кадом аст?» мутолиа намуд. Дар матлаб муаллиф оид ба истеҳсоли либосҳои мактабии пастсифати ватанӣ ва мушкилоти ҷойдошта маълумот додааст.

Дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Дӯстӣ. Вақте мардум бовар доранд…», «Файзобод. Аз навгонии як гӯшаи ватан», «Ҳисор. Тақсимоти одилонаи замин ба ниёмандон» маводи хонданӣ нашр шуда, мавзӯъҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» рӯзи чоршанбе, 31 август, №108 (4528) дар саҳифаи аввал маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳтаи миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз 30 август ва ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Пешвои миллатро чоп намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора таҳти унвонҳои «Баробарӣ таъмин аст, вале онро риоя намекунем», «Аз таваҷҷуҳи хоссаи Президент то рушди бесобиқаи инфрасохтор», «Верроккйои тоҷик», «Таҳкими дӯстии халқҳо омили пешрафт аст» мавод ба нашр расидаанд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №36 (20369), 31 августи соли маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 30 август доир шуд, ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе, суҳбати телефонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш, маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар ва хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат инъикос намудааст.

Ҳамчунин дар ин шумора зери сарлавҳаҳои «Школы вновь открывают свои двери для учеников», «Достойный подарок ко Дню независимости», «Угольные ресурсы- неисчерпаемое богатсвтво Таджикистана», «Праздник путейцев с «железным»» характером» ва ғайра мавод ба нашр расидаанд.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №34 (1379), чоршанбе, 31 августи соли 2022 зери сарлавҳаҳои «Истиқлолият- кафили эҳё ва гиромидошти фарҳанги миллӣ», «Андешаҳо перомуни чанд асари гаронмояи як ҳунарманди варзида», «Истиқлол — орзую ормонҳои миллати тоҷик», «Ҳифзи ормонҳои миллӣ» ва ғайра мавод ба нашр расонидааст. Инчунин дар ин шумораи рӯзнома хабару мақолаҳо оид ба фаъолияти ҲХДТ ва дигар маводи ҷолиб чоп шудаанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво