6 октябр 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуданд

334
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуданд1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи накӯ дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар бинои нави Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи устодону донишҷӯёни пойтахт ва аҳли маорифи кишварро бо фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки бо дарси сулҳ оғоз мегардад, ҳамчунин ба муносибати ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино самимона табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо 1 сентябр ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хосаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятро равона кардааст ва ин тадбир минбаъд низ бомаром идома меёбад.

Ба андешаи Президенти мамлакат ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханро аз сулҳ оғоз карда, таъкид доштанд, ки бо дарси сулҳ шурӯъ гардидани соли нави хониш барои мо — мардуми Тоҷикистон сабаб ва аҳаммияти махсус дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мерасанд, ин неъмати бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастомадаро ҳифз мекунанд ва ба фарҳанги сулҳ ҳамчун маромномаи ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии худ арҷ мегузоранд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки танҳо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ омили асоситарини амалӣ гардидани нияту орзуҳои ҳар фард, татбиқи нақшаҳои созанда барои фардои ободи кишвар ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум ба ҳисоб меравад.

Оид ба дастовардҳои соҳаи маориф ва рушди ин бахши муҳиму пешбарандаи ҷомеа андешаронӣ карда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.

Танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.

Имрӯз, яъне 1 сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар навраси кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтар дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд. Ба онҳо зиёда аз 128 ҳазор нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки беш аз 72 фоизашон бонувону занон мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки мардуми тоҷик маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи халқ ба чунин дастовардҳо ноил гардид.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаи маориф даҳҳо барномаи давлатӣ қабулу амалӣ карда шуда, Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди ин бахш сол ба сол афзоиш дода истодааст. Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар соҳаи маориф 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олии равияи омӯзгориро 5323 нафар ва коллеҷҳои омӯзгориро 1830 нафар ҷавонон хатм карданд.

Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо масъалаи бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳал намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, таъкид намуданд, ки онҳо масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳоро дар мадди аввал гузоранд.

Дар робита ба дастгириҳои давлатии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муҳайё кардани шароит барои фаъолияти пурсамари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, ки маркази асосии тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва мутахассисони илмии соҳаи тиб мебошад, Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарияти донишгоҳро вазифадор карданд, ки бо истифода аз шароиту имконияти муҳайёгардида ба тарбияи кадрҳо эътибори аввалиндараҷа дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти заминаи моддиву техникии кафедраҳои назариявӣ ва тахассусӣ, махсусан омода кардани иммунологҳо, генетикҳо, вирусологҳо, микробиологҳо, эпидемиологҳо ва ихтисосҳои барои соҳаи саноати дорусозӣ зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Таъкид гардид, ки ҳоло тибқи стандарти давлатӣ барномаҳои таълимии тибби профилактикӣ ва озмоишгоҳӣ таҷдиди назар гардида, барои омода намудани мутахассисон чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Дар баробари ин зарурат пеш омадааст, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар ин самти муҳимми соҳаи тандурустӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани таҳлилҳои вирусологӣ, генетикӣ, иммунологӣ ва микробиологӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шавад, пешниҳод намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъсиси пажӯҳишгоҳ на танҳо ба рушди илмҳои бунёдӣ, балки бо истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои хизматрасонии босифати озмоишгоҳӣ ва омода кардани мутахассисони ин соҳа мусоидат менамояд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти омода кардани кадрҳо ду сол пеш “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030” қабул карда шуд, ки татбиқи он бевосита ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунад.

Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ, ки 18 августи соли 2020 баргузор гардида буд, бо мақсади беҳтар намудани сифати тарбияи мутахассисони тиббӣ ба “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.

Давоми 31 сол дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии дохили кишвар 31 ҳазору 614 нафар мутахассиси соҳаи тиб тайёр карда шудааст. Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 172 ҳазору 800 нафар ҷавон ба итмом расонидаанд. Яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи тиббии кишвар 204 ҳазору 413 нафар мутахассис тайёр карда шудааст. Танҳо соли ҷорӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббиро 16 ҳазору 640 нафар ҷавонон хатм кардаанд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди бомароми соҳаи тандурустӣ маблағгузориро давра ба давра зиёд карда истодааст. Масалан, агар соли 2019 буҷети соҳа 1 миллиарду 740 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли 2022 ба 2 миллиарду 882 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 66 фоиз зиёд мебошад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави мамлакат 2723 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода супорида шудааст ва имрӯз дар кишвар 5116 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад. Танҳо дар се соли омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ 1858 муассисаи тандурустӣ ва дар шаш моҳи соли 2022-юм 61 муассиса бунёд гардидаанд.

Ба хотири рушди тафаккури техникӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи тиб солҳои 2020-2040 “Солҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд.

Ҷиҳати амалӣ гардидани ин иқдом қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат қабул гардидааст ва Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки нақшаву барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти касбӣ бо бартарӣ додан ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва зиёд намудани соатҳои дарсӣ аз ин фанҳо таҷдиди назар карда шаванд.

23 июли соли ҷорӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид. Ба 10 миллион нафар расидани аҳолии кишвар масъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ, хусусан, соҳаи хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдаконро боз ҳам бештар месозад.

Бо дарназардошти он ки ҳар сол дар кишвар ба ҳисоби миёна зиёда аз 240 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, зарур шумурда шуд, ки дар оянда ба масъалаи тайёр намудани табибони бемориҳои кӯдакона афзалияти бештар дода шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш доданд, ки пешниҳоду хулосаҳои худро доир ба таъсиси беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдакона ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Маркази илмиву клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакона ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва ҳамаи кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро бори дигар ба ифтихори Рӯзи дониш, ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва 31-солагии истиқлолияти давлатии Ватани азизамон, ки баъди як ҳафта фаро мерасад, самимона табрик гуфтанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ Нозия Аминбекзода, Тоҷиддин Раҳмон, Изаттуло Ҳомидзода, Розияи Ғаффор, Меҳрнигори Музаффар ва Рамазон Сафарзода баромад карданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво