6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«РОҒУН» БИНОИ ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГИИ МОСТ. Ва ё ин неругоҳ рамзи сарбаландии имрӯзу фардои тоҷикон аст

1074
«РОҒУН» БИНОИ ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГИИ МОСТ. Ва ё ин неругоҳ рамзи сарбаландии имрӯзу фардои тоҷикон астКишвари мо, ки ҷузъи ҷаҳони муосир маҳсуб мешавад, ба марҳилаи тоза ворид гардид. Баъди чанд рӯзи башумор мо ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати беандоза, эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолиятро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар фарди соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ карда, таъкид медоранд, ки мардуми шарафманди тоҷик зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, сулҳу субот ва ваҳдату истиқлоли хешро пайваста ҳифз менамоянд.

«Яке аз дастовардҳои муҳими соҳибистиқлолии миллати тоҷик бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки он сарчашмаи ифтихори миллии ҳар фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост»,-мегӯяд ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил АБДУАЛИМЗОДА.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф пешниҳод мегарданд.

Воқеан, мо тавонистем баъди зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати худро дарёбем. Барои миллати азияткашидаи тоҷик ин воқеа хеле нодиру фараҳбахш буд. Дар тӯли соҳибистиқлолии хеш халқи тоҷик ба якчанд дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, шаҳрҳои зебову бузург ва биноҳои баландошёна маҳсули заҳмату меҳнати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сокинони ин кишвари биҳиштӣ мебошанд.

«РОҒУН» БИНОИ ВАҲДАТУ ҲАМБАСТАГИИ МОСТ. Ва ё ин неругоҳ рамзи сарбаландии имрӯзу фардои тоҷикон аст


Бояд гуфт, ки Тоҷикистон диёри зебоманзару кӯҳсор буда, дорои захираҳои ғании энергетикӣ мебошад. Ин имконияти бузурги энергетикӣ метавонад ояндаи Тоҷикистонро нурафшон созад. Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои ҳамсоя соҳиби 55 дарсад захираҳои обист, ки ин неъматҳои Худованд бояд оқилонаю сарфакорона истифода шаванд.

Ин аст, ки имрӯз барои мардуми тоҷик давраи имтиҳони нангу номус, дӯст доштани Ватану дар амал нишон додани ватандорӣ ва худшиносии миллӣ оғоз ёфтааст. Ин имтиҳон сохтмони бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

Воқеан, «Роғун» иншооти тақдирсоз буда, майдони бузурги миллатофаринист, ки бо шарофату матонату ҷасорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони он имрӯз бо ҷӯшу хурӯши беандоза ҷараён дорад.

Он аз ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз иншооти азими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре ки медонем, корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО «Роғун» аз соли 2009 оғоз гардида буданд. Чунин лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар кишвар ҳанӯз охири солҳои 70-и асри гузашта шуруъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод. Аммо кӯшишҳои хастагинопазири Сарвари давлатамон ҷиҳати барқарор намудани он имрӯз самар оварданд.

Зеро ба шарофати НБО “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз рӯи содироти қувваи барқ дар Осиё мавқеи хосса ишғол намояд ва он роҳи ягонаи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб мешавад. «Роғун» пуриқтидортарин неругоҳ дар Осиёи Миёна буда, иқтидори тавлидотии неруи барқи он 13,5 миллиард киловаттро ташкил медиҳад.

Ҳамагон шоҳиданд ва хуб медонанд, ки мардуми тоҷик чандин солҳо аз набудани барқ азият мекашид ва иқтисоди кишвар ҳам аз бебарқӣ хисороти азим медид. Бо анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ охирин кулбаи мардуми тоҷик дар Ватан барои ҳамешагӣ чароғон хоҳад шуд ва мо аз вобастагии кишварҳои дигар аз ҷиҳати иқтисодӣ раҳо гардида, ба содироткунандаи асосии ин маҳсулот дар минтақа табдил меёбем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми азму талош ва саъю кӯшиши худро барои бо сарбаландӣ анҷом ёфтани сохтмони НБО «Роғун» равона кардаанд. Имрӯз вақти он расидааст, ки мардуми тоҷик дар атрофи Пешвои худ беш аз пеш муттаҳид шуда, барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дар ин неругоҳ ва ба кор андохтани ҳамаи шаш агрегати он заҳмат кашанд.

Ҳеҷ аз ёдҳо гусаста намешавад, ки Сарвари давлат барои дилгарм намудани кормандони ин иншооти бузурги аср ва мардуми бо нанги тоҷик худ паси чанбараки булдозери пуриқтидор нишаста, баландии пурхавфу хатарро ба маҷрои пурталотуми дарё пеш андохтанд. Ин далел ва нишон аз бузургиву ғамхорӣ ва хирадсолории он кас мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ояндаи босаодати ҳар фарди тоҷик аз ин сохтмон вобастагӣ дорад. Хусусан, баъди ифтитоҳи чархаи дуюми НБО «Роғун» ба чунин натиҷаву хулоса расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созанда, эҷодкор, ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Воқеан, мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои худ бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани «Роғун» заҳмат мекашанд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди «Роғун» ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро он манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.

Бузургиву шаҳомати НБО «Роғун» дар он аст, ки дилҳоро ба ваҷд меорад ва ору нанги милливу худшиносии моро тақвият мебахшад. Воқеияти бунёди ин сохтмони барҷастаи замон ва заҳмату азму талоши созандагони он дар ҳақиқат бемислу нотакрор аст ва пас аз бунёди он барқи «Роғун» на танҳо хонадони мо, балки зиндагиву қалби ҳар яки моро равшан месозад.

Бояд гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими хатми корҳои асосии нақби “Анзоб” 26 июли соли 2006 гуфта буданд: «Дар таърихи адабиёти чандҳазорсола ва муштараки мо Фарҳоди кӯҳкан бо кандани фақат як ҷӯи об барои Ширини худ умри абад ёфтааст».

Агар чунин аст, пас Пешвои миллат бо бунёди НБО «Роғун» ба 10 миллион халқи тоҷик умри абад мебахшанд!

Чуноне шоир фармуда:

«Роғун» бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост!

Исмоил АБДУАЛИМЗОДА,
ноиби ректори Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво