19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Ашт Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад

463
Дар Ашт Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардадДар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо қишрҳои гуногуни ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ноҳияи мазкур хабар доданд, дар ҳамоиш муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисон, котибон, сармутахассисони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб ва имомхатибони масҷидҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш доир ба ҳассос будани вазъи ҷаҳон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, баргардонидани афроди гумроҳ, решакан кардани экстремизм ва терроризм ва сабукиҳо дар қонунгузорӣ барои нафарони пушаймоншуда маълумоти муфассал дода шуд.

Муовини Раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ баён дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои олии инсонӣ ва миллӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

АКС: Маркази матбуоти МИҲД н.Ашт




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво