25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ-НЕЪМАТИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ. Андешаҳои Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода

126
СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ-НЕЪМАТИ БУЗУРГИ МИЛЛАТ. Андешаҳои Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно СаидвализодаСоҳибистиқлолӣ арзиши муҳим барои ҳар кишвар ва миллатест, ки онро соҳиб мегардад. Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад. Бахшида ба таҷлили 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба унвони АМИТ «Ховар» мақолаи Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, номзади илми ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода расидааст, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Аз рӯзе, ки Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизи мо ба ҷаҳониён эълон шуд, 31 сол сипарӣ мегардад. Агар ба таърихи давлатдорӣ назар андозем, ин муддати тӯлонӣ нест ва метавон гуфт, дар ибтидои роҳ қарор дорем. Аммо чун ба корҳои бузурги дар ин даврон анҷомдода менигарем, дармеёбем, ки мо марҳилаи бисёр душвор, вале дар навбати худ хеле пурбору сарнавиштсозро пушти сар кардаем.

Ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати мо душворӣ пеш овард. Душворие, ки пойдории ҳам ҳастии миллат, ҳам бутунии сарзамини аҷдодӣ ва ҳам истиқлоли давлатии тоза муяссаршударо зери хатари маҳвшавӣ мегузошт. Бо талоши як идда мансабталабони орӣ аз ҳувият, ки дар хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор доштанд, ҷанги шаҳравандии таҳмилӣ оғоз ёфт ва кишвари амну амон ноором гардиду миллати сарҷамъ пора-пора. Мо, ки шоҳиди он рӯзҳои даҳшатбор будем ва дар мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият менамудем, ростӣ аз вазъи ногувори бамиёномада умед ба ояндаи некро аз даст дода будем. Табиати инсонӣ ҳамин гуна аст: ба ҳар ҳолате, ки гирифтор шуд, ба назараш чунин менамояд, ки он поён надорад. Ба худ савол медодем, ки наход бо доштани родмардони баномуси ватан, таърихи қадим, адабиёте, ки саропо панду насиҳат асту инсонҳоро ба таҳаммулгароию расидан ба саодати зиндагӣ талқин мекунад, ба саодати рӯзгор нарасем? Наход аз миёни ин миллат, ки фарзандони барумандаш дар рушду густариши тамаддуни башарӣ нақшу саҳми бориз доштаанд, фарде пайдо нашавад, ки тақдири давлату миллатро ба дасти худ гирад, сулҳу суботу оромиву осудагӣ ба армуғон оварда, хатари аз миён рафтани давлати навинамонро рафъ созад?

Дар ҳамон шабу рӯзҳои даҳшатбор, ки миллат сарсону саргардон буду сохторҳои давлатдорӣ фалаҷ, модарону падарон ашки ҳасрат мерехтанду оби дидаи тифлакони маъсум рухсораҳояшонро мешуст, мардуми ба таҳлукаафтода тарки хонаву дар ва ҳатто сарзамини аҷдодии худ мекарданд, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҳама чашми умед ба ин шаҳру ба ин иҷлосия доштанд ва умедвор буданд, ки он қодир аст дар ҷодаи ба эътидол овардани вазъи басо ногувору муташанниҷ нахустқадамҳо гузорад. Умеди мардуми азиятдида бароварда шуд: баъди баҳсу талошҳои тезутунд билохира хиради солим боло гирифт ва нафареро дар садри давлат интихоб намуданд, ки он кас вазъро хуб дарк мекарданд, дар назди давлату миллат ҳамчун шаҳрванд ва фарзанд эҳсоси масъулият менамуданд, ҷасорату шуҷоат доштанд, омода буданд, ки барои ҳифзи япорчагии давлати тозабунёд ва истиқлоли кишвари азиз ҷони худро нисор намоянд. Он рӯзҳо аз зеҳни мо нарафтааст: барои амнияти иштирокчиёни иҷлосияи тақдирсоз кормандони мақомоти корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб, ки банда низ он ҷо фаъолият менамудам, сафарбар шуда буданд.

Ҷасорату саховатмандии Роҳбари давлат дар он рӯзҳои фоҷеабор ҳамто надошт ва мунтазам аз шароити кории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бохабар мешуданд. Аз ҷумла, ба Раёсати корҳои дохилии собиқ вилояти Кӯлоб, ки он рӯзҳо ҳатто маҷлисгоҳаш телевизор надошт, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва ҳамарӯза бохабар будан аз вазъи сиёсии кишвар ба кормандон телевизори ранга, ки он вақтҳо бениҳоят камчин буд, туҳфа намуданд.

Хуб дар ёд дорем, ки чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб гардиданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст, тавассути он вақтҳо ягона шабакаи телевизионӣ суханронӣ намуда, бо тавзеҳи вазъи ҳукмфармо мардумро ба муттаҳид шудану наҷот додани давлату миллат аз маҳвшавӣ даъват намуданд. Пиру барно бо дидани симои нуронии он кас ва шунидани ҳарфи пур аз эътимоду боварашон дилпур гардиданд, ки ин кас метавонанд ба даргириҳо хотима гузоранд ва оромиву осудагию сулҳу суботро дубора дар ин сарзамин ҳукмфармо созанд. Ва хушбахтона, чунин ҳам шуд. Бо гузашти сию як сол аз миён ва дар зеҳн зинда намудани ёди он рӯзҳои сиёҳ, ки силоҳ, куштор, хушунат, зӯроварӣ, таҳқир ва хорию забунӣ ҳокими мутлақ буд, шукр мегӯем, ки Худо лутф карду фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанду давлати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт.

Инро ҳам бояд зикр намуд, ки дар он рӯзҳо дар қиёс бо ин қаҳрамони миллат шахсиятҳои дигари дар сиёсат таҷрибадор зиёд буданд, аммо ҳамагӣ аз гирифтани бори масъулияти роҳбарии давлату миллат канор рафтанд, зеро дилпур набуданд, ки қодиранд вазъро ислоҳ бахшанд. Аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, нисбат ба тақдири миллати шарафманду кишвари азизамон бетараф наистоданд. Хуб дарк мекарданд, ки ба ифоқа овардани тарафҳои даргир кори саҳлу осон нест. Охир, ду бародар, фарзандони як падару модарро, ки бо сар задани як нофаҳмӣ бо якдигар қаҳрӣ шудаанд, оштӣ дорондан осон муяссар намегардад, бо қиёс бо ин тасаввур шавад, ки коҳиш додани шиддати ғазабу оштӣ кунондани ҳазорҳо нафар, ки силоҳ ба даст гирифтаанд, якдигарро душман хондаанд, хуни якдигар рехтаанд ва чашмонашон хун баставу ташнаи гирифтани интиқом ҳастанд, то чӣ ҳад душвор аст?

Хосса, дар ҳоле, ки гурӯҳҳои зиёди манфиатҷӯи дохилу хориҷӣ саъй менамуданд бо истифода аз роҳу василаҳои мухталиф тарафҳоро барои идомаи ҷанг талқин ва онҳоро бо лавозими ҷангӣ таъмин бикунанд, поён бахшидан ба даргирӣ ба назар номумкин менамуд. Аммо чун Роҳбари давлат ба миллати ҷафодидаи хеш аз минбари баланд ваъда дода буданд, ки «ман барои Шумо сулҳ меорам!», дар қавли хеш устувор монданд, вафо ба ваъдаро оини ҷавонмардӣ донистанд ва ҷони хешро дар хатар гузоштанду барои дар амал татбиқ намудани ваъдаи додаи хеш камари ҳиммат бастанд. Ва шукр, ки бо корбурд аз хиради волои хеш ва такя бо мардум тавонистанд тарафҳоро мутақоид созанд, ки агар бахшишу гузашт накунем, агар манфиати давлату миллатро аз манфиати шахсию гурӯҳӣ боло нагузорем, агар силоҳро насупорем, ба хушунату даргириву куштор хотима надиҳем, аз миён рафтани давлату миллат аз эҳтимол дур нест ва насли оянда ба ҳеҷ ваҷҳ моро нахоҳад бахшид. Дар он айём барои Роҳбари давлат дар баробари анҷоми кори давлатдорӣ хотима бахшидан ба даргирӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар аз муҳимтарин вазифаҳо буданд.

Агар ба ҳастии миллат ва истиқлоли давлат хатар таҳдид мекунад, қабл аз ҳама, бояд барои рафъи ҳарчи зудтари он тадбир андешида шавад, зеро бидуни ин пиёдасозии ормонҳои миллию давлатдорӣ номумкин аст. Ва дар ин самт аввалин кореро, ки роҳандозӣ карданд, ин оғоз бахшидан ба музокироти миёни тарафҳои даргир буд. Бар ин андеша, ки ҳарфи Роҳбари давлат аз ҳарфи дигарон бартару арзишмандтар аст ва метавонад тарафи муқобилро мутақоид созад, ки тасмими сулҳофарии ӯ ҷиддӣ ва аз дигар ҳадафҳо волост, ба монеаҳо, ба таҳдиди хатар ба ҷон ва дигар омилҳо нигоҳ накарда, худашон ба Хустдеҳи Афғонистон рафтанд ва рӯ ба рӯ бо роҳбарону намояндагони тарафи мухолифин мулоқот оростанд. Ин дар раванди сулҳи миёни тоҷикон қадами устувору ҷиддие буд, ки мо аз файзи он имрӯз бархурдорему ояндагон низ баҳравар хоҳанд буд. Хотима бахшидан ба ҷанг бузургтарин қаҳрамонӣ ва арзишмандтарин хизмати Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлату миллати тоҷикон аст. Бидуни шак, ин хизмати Роҳбари давлат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин китобат шудааст.

Масъалаи доғ ва мубрами дигаре, ки дар он шабу рӯз бояд анҷом дода мешуд, ин ба Ватани аҷдодӣ баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ буд. Ин ҳам аз умдатарин ҳадафҳои Роҳбари давлат ба шумор мерафт. Зеро хуб медонист, ки беватанӣ барои инсон сангинтарин ҳолат буда, ёди хоки аҷдодӣ ҳаргиз аз зеҳни фарди ғарибгашта зудуда нахоҳад шуд. Чун дар даврони мавриди назар эътимоду боварӣ нисбат ба якдигар аз миён рафта буд, барои баргаштан ба Ватан талқин кардани муҳоҷирон кори осон набуд. Сараввал муҳоҷирон ба фиристодаҳои Роҳбари давлат бо шакку шубҳа менигаристанд ва бовар надоштанд, ки амнияти онҳо дар зодгоҳашон таъмин карда шавад. Аммо ба фиристодаҳо муяссар гардид, ки эшонро мутақоид созанд, ки Роҳбари давлат на танҳо барои таъмини зиндагии осудаи онҳо, балки ҷиҳати барқарорсозию навсозии хонаву дари сӯхтаву валангори онҳо низ тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Билохира, маҳз бо ҷаҳду талош ва тадбирандешии саривақтии Роҳбари давлат зиёда аз як миллион ҳамтаватанони мо аз зиндони ғурбат, хорию забунӣ раҳо ёфтанд ва дубора ба марзу буми аҷдодии хеш баргаштанд. Роҳбари ғамхору дилсӯзи миллат бо ин роҳ нагузоштанд, ки тақдири ҳамватанони мо дар солҳои бистуми қарни гузашта дубора такрор ёбад. Ин хизмати бузурги Роҳбари давлат дар таърих назир надорад. Барои тасдиқи дурустии ин нукта назар намудан ба сарнавишти фоҷеабори мардуми кишвари ҳамсоя- Афғонистон басанда аст.

Метавон ақида кард, ки корҳои бузурги ободониву созандагӣ дар кишвар ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ маҳз баъди ҳалли ниҳоии худро ёфтани ҳамин ду масъала – хотима бахшидан ба даргириҳо ва баргардонидани гурезаҳо оғоз ёфт.

Ба муяссар гардидани сулҳу субот дар кишвар ҷаҳониён ба мо бо чашми дигар назар андӯхтанд, ба миллати сулҳдӯсту сулҳофар будани мо эътимод ҳосил намуданд ва ба ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар сию як соли соҳибистиқлолию давлатдорӣ дар самти боло бурдани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, таъмини амният, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, роҳсозӣ, рушди иқтисоду фарҳангу маориф, таъсиси коргоҳҳо, эҳёи расму суннатҳои мардумӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, боло бурдани иқтисоди хонаводагӣ ва ғайра корҳои басо назаррас анҷом дода шуданд, ки дар робита ба ин борҳо изҳори назар шудаву мо дар ин навиштаи хеш такрори онро муносиб надонистем. Агар аз рӯйи инсоф қазоват кунем, аз даврони соҳибистиқлолии мо даҳ соли аввали он бо нооромӣ гузашт ва тамоми дастовардҳои беназир дар самтҳои мухталиф дар ҳамин бисту як соли охир муяссарамон гардидаанд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама ҷаҳду талош дар умури давлатдорӣ дар сурати поянда будани оромиву осоиштагӣ ва соҳибистқлолӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бидуни муболиға, дар ин муддати кӯтоҳ, яъне сию як соли Истиқлолияти давлатӣ мо бузургтарин корҳоро анҷом додем. Ин аз хиради воло ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Мо дар арафаи таҷлили бузургтарин ҷашни миллӣ, яъне 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Дар фароварди сухан ҳамватанони азизамро бо ин ҷашни фархунда сидқан табрик мегӯям ва умедворам, ки мо, ҳамагон барои ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, волоияти қонун бо корбурд аз донишу маҳорату истеъдод ва мавқеи шаҳрвандии худ минбаъд низ ба миллату давлати хеш содиқона хизмат менамоем.

Поянда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Барно САИДВАЛИЗОДА,
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво