28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид шуд

105
Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид шудҶумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид гардид. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок зимни вохӯрӣ бо Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иброз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаи тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқӣ Завқизода Квон Донг Сокро барои ба вазифаи нави масъулиятнок тайин шуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақияти касбӣ таманно кард.

Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар муносибатҳо пайваста рушд меёбанд.

Ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, корхонаи лифтбарорӣ, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ кардани низоми «Савдои электронӣ» мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон зиёд намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда иброз намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво