20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон

853
Шоми дирӯз дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузор намудани форум таъмин ва таҳкими рушди муносибатҳои соҳибкориву иқтисодӣ байни Тоҷикистону Туркманистон арзёбӣ гардид.

Дар кори форум 15 нафар соҳибкорони Туркманистон ва зиёда аз 37 нафар соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд.
  Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон
Нахуст дар намоиш маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизоӣ, ҳунарҳои дастӣ, қолинбофӣ, либосҳои аз пахтаи тоза омодашудаи ду кишвар ба тамошо гузошта шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар ҷараёни кори намоиш соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо маҳсулоти гуногуни корхонаҳои кишвари ҳамсоя аз наздик шинос шуда, бевосита аз намояндагони ширкатҳо доир ба самтҳои истифодаи онҳо машваратҳои судманд гиранд ва ҳамчунин баҳри рушди тиҷорати худ маҳсулоти дилхоҳ интихоб намоянд.

Сипас, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, баён дошт, ки дар шароити кунунӣ муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ батадриҷ равнақ меёбанд.
  Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон
Барои тақвияти бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳарду ҷониб бояд васеъ истифода бурда шаванд.

Дар форуми соҳибкорон ҳамзамон вазирони рушди иқтисоди ҳар ду кишвар доир ба рушди соҳа ва иқтисодиёти кишварҳояшон сухан гуфтанд. Аз ҷониби раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузории кишвар ва самтҳои ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон муаррифӣ шуд. Муовини сарвазири Туркманистон Оразмурад Гурбонназаров, Вазири иқтисод ва молияи Туркманистон, раиси палатаи савдо ва саноати ин кишвар низ андешаҳояшонро баён намуданд. Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои тиҷоратӣ барои мустаҳкам кардани ҳамкории тиҷоратӣ миёни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
  Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон
Ба маълумоти иштирокдорон, дар соли 2016 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Туркманистон 93,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар 9 моҳи соли равон табодули мол миёни кишварҳо 37,1 миллион долларро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36, 9 миллион доллар, яъне ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Иштирокдорон аз тамоюли коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо боиси нигаронӣ карда, изҳори умед карданд, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ин кишварҳо ба пешравиҳои назаррас ноил мегарданд.
  Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон
Зимни мулоқоти соҳибкорон ҳарду ҷониб бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла, соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, алоқа, саноат ва тиҷоратро мавриди баррасӣ қарор доданд. Пас аз оғози қисми расмии Бизнес-форум ба диққати иштирокчиён муаррифӣ ва роликҳои таблиғотии ду кишвари ба ҳам дӯст пешниҳод гардид. Баъди Бизнес-форуми соҳибкорони ду кишвар вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон ҷараён гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво