25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд сохтмони бинои иловагӣ оғоз ёфт

150
Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд сохтмони бинои иловагӣ оғоз ёфтДар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сохтмони бинои иловагӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинӣ зикр намуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи тиб ва фароҳамсозии шароити замонавии корӣ барои табибон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Зикр шуд, ки чанд рӯз қабл бинои Беморхонаи клиникавии шаҳрии рақами як дар Хуҷанд пас аз таъмири куллӣ бо иштироки Пешвои миллат мавриди истифода қарор гирифта, барои фаъолияти духтурон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба анҷом расонида шаванд.

Дар Маркази саратоншиносии вилояти Суғд сохтмони бинои иловагӣ оғоз ёфт


АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво