25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ бунёд мешаванд

152
Дар деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ бунёд мешавандДар деҳоти “Чорбоғ”-и шаҳри Истаравшан сохтмони муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи лоиҳа, иншооти бунёдшаванда аз ду бино иборат буда, дорои 38 синфхона ва зиёда аз 2000 ҷои нишаст аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Ба истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан соли 2022 зиёда аз 100 иншооти сатҳи мухталиф бунёду навсозии куллӣ гардонида, садҳо нафар қувваи қобили меҳнат соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд. Дар робита ба ин Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода дар деҳоти «Чорбоғ» бо ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ шинос шуд.

Иншооти бунёдшаванда аз ду бино иборат буда, дорои 38 синфхона ва зиёда аз 2000 ҷои нишаст мебошад. Ташаббускорон тасмим гирифтаанд, ки то охири соли равон корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд.

Дар деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ бунёд мешаванд


Дар деҳоти «Чорбоғ»-и шаҳри Истаравшан муассисаи таълимӣ ва маркази хизматрасонӣ бунёд мешаванд


Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон бо иқдоми роҳбарияти ҷамоати деҳот, соҳибкорони маҳаллии деҳаи «Чорбоғ» ва кумитаи падару модарон ба бунёди бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 оғоз бахшида шуд.

Марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ дар маркази хизматрасонӣ, ки аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Илёс» амалӣ гардида истодааст, то моҳи сентябр ба анҷом расида, соли 2023 маҷмаа пурра ба истифода дода мешавад.

Раиси шаҳр ба соҳибкорону саховатмандони деҳа барои иқдоми некашон изҳори сипос намуда, баҳри босифат ва бо риояи қоидаҳои сохтмонӣ ба анҷом расонидани маҷмаа дастурҳо дод.

АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво