20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад

188
Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардадДар Тошканд музокироти нави Машварати чоруми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Баргузории машварат 17-18 август дар назар аст. Он дар Узбекистон дар чаҳорчӯби раёсати ин кишвар дар СҲШ доир мешавад.

Дар кори машварат ҳайатҳои роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир дар назди СҲШ, инчунин Интерпол, Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, Бюрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккил ва дигар навъҳои хавфноки ҷиноятҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок менамоянд.

«Дар доираи машварат ҳамчунин мулоқоти дуҷониба бо сарони ҳайатҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои мукаммалсозии ҳамкории байналмилалӣ дар назар дошта шудааст», — гуфт манбаъ.

Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ пешбинӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво