18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАР МАВҶ БАРНОМАИ «ГУФТУГӮ»-И РАДИОИ «ХОВАР». Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Хоруғ 20 корхонаи саноатӣ бунёд мегардад

203
ДАР МАВҶ БАРНОМАИ «ГУФТУГӮ»-И РАДИОИ «ХОВАР». Дар доираи Солҳои рушди саноат дар Хоруғ 20 корхонаи саноатӣ бунёд мегардадБаъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беҳтар гардида, феълан дар марҳилаи рушду такомул қарор дорад. Ба иттилои Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, имсол дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) масъулин тасмим гирифтаанд, ки 20 корхонаи саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.

Албатта, ин иқдом барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинон ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 100 иншооти таъйиноташон гуногунро ба нақша гирифтааст, ки имрӯзҳо сохтмони қисмате аз онҳо шурӯъ гардидааст.

Хоруғ дорои захираҳои бойи табиӣ низ мебошад, зеро ҳанӯз соли 1928 дар ин водии зархез бар асари корҳои геологӣ-тадқиқотӣ манбаи зиёди ашёи хом, аз қабили конҳои намак, оҳан, мис, молибден, сурб, тилло, асбест, кварс, ёқут, лоҷувард ва гавҳар кашф гардид.

Шарҳи бештари мавзӯъро оид ба ҳолати иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ зимни суҳбати хабарнигор ва муаллифи барнома Нарзулло АЛИЗОДА бо Раиси шаҳри Хоруғ Ризо НАЗАРЗОДА дар барномаи «Гуфтугӯ»-и Радиои «Ховар» имрӯз, соати 09:30 (асл) ва такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 аз мавҷи 101,5 FM бишнавед.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво