29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид

149
Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардидИмрӯз дар Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара шакли хурди намоиши сайёри «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, муовинони раиси ноҳияи Данғара, директори Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳия ва кормандони соҳаҳои мухталиф иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки «намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар самти шинос намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгони хеш ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад. Зеро вақте қишрҳои гуногуни ҷомеа худшиносу худогоҳ бошанду асли худро донанд, пас миллат побарҷову ваҳдати он комил боқӣ хоҳад монд».

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки онҳо инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи мо буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид


Дар ноҳияи Данғара намоиши сайёри «Тоҷикистон–кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид


Ёдовар мешавем, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон чанд рӯз аст, ки шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардида истодааст. Ба ин восита, мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намудаанд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгони хеш шинос гарданд.

Намоиши мазкур дар Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара то 12 август идома намуда, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво