18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо мақсади шиносоӣ бо рушди инфрасохтор ба водии Бартанги Рӯшон сафари корӣ намуд

161
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо мақсади шиносоӣ бо рушди инфрасохтор ба водии Бартанги Рӯшон сафари корӣ намудБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба мушкилоти мардум Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Раиси вилоятро дар ин сафар сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Шариф Назарзода, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амниятии миллӣ дар ВМКБ Абдусамад Салимзода, роҳбарони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, кишоварзӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят ҳамроҳӣ намуда, бо сокинони водӣ мулоқот доир намуданд.

Хусусан дар Ҷамоати деҳоти Басид Раиси вилоят аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар ВМКБ, таъмину таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, оғози нави марҳилаи созандагиҳо, бунёди иншооти таъйиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои волои миллӣ, рушд ва тараққиёти водии Бартанг, таърих ва гузаштаи пурғановати ин минтақа ёдрас гардида, дар ин замина таъкид дошт, ки водии Бартанг яке аз мавзеъҳои беҳтарин барои саёҳат ба шумор рафта, бо муҳайё сохтани инфрасохтори замонавӣ, ин соҳа метавонад ба манбаи асосии даромади сокинони он табдил ёбад.

Гуфта шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат дар ин мавзеъ соҳибкорӣ рушд намуда, коргоҳҳои дуредгарӣ, дӯзандагию бофандагӣ, коркарди чӯбу пашм ва ғайра ба фаъолият оғоз намуданд ва инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ низ бамаротиб тараққӣ кард. Аз ҷумла, қариб 90 фоизи муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои деҳоти водӣ бунёду таҷдид гардида, беморхонаи нав ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ва муассисаҳои дигари соҳа аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Дар панҷ соли охир барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва таҷдиди инфрасохтори гуногуни минтақа, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Басид 6 миллиону 163,6 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд, ки ба боло рафтани сатҳи некӯаҳолии сокинони он мусоидат намуд.

Зикр шуд, ки бо ҷалби мутахассисони варзидаи роҳсозӣ лоиҳаи камхарҷу самарабахш таҳия ва дар баъзе мавзеъҳо имкон аст роҳро қад-қади дарёи Бартанг сохта, аз ин ҳисоб роҳ бехатар, соҳил мустаҳкам гардида, заминҳои нав ба вуҷуд оварда шаванд. Ҳоло дар ин водӣ бунёди неругоҳҳои нави обии барқӣ дар назар дошта шудааст, зеро ҳаҷми оби рӯдхонаҳои водӣ дар ҳамаи фаслҳои сол ба ин кор имконият медиҳад. Дар баробари ин Бартанг дорои табиати бой буда, дар он ашёи хом барои масолеҳи сохтмонӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, мармару санги хорои рангоранг хеле зиёданд ва барои коркарди саноатии онҳо тадбирҳо андешида мешаванд.

Алишер Мирзонабот бобати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, бунёди канлҳои нав, рушди сабзавоткорӣ ва чорводорӣ, соҳаҳои парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ изҳори андеша карда, сокинони диёрро барои дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ боз ҳам беҳтар заҳмат кашидан даъват намуд.

Акс: МИҲД ВМКБ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво