«НБО-И «РОҒУН» НАМУНАЕ АЗ ИҚТИСОДИ САБЗИ МИНТАҚА». Доир ба аҳамияти иншооти муҳими аср китоб ба нашр расид![]() ![]() «НБО – и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» ҷилди 3-юми силсилакитобҳои муҳаққиқ Ҳасан Асоев доир ба масъалаи «Роғун» буда, ба умдатарин масъалаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» бахшида шудааст. Дар китоби мазкур дар шаш фасл ҷанбаҳои гуногуни НБО – и «Роғун» дар сатҳи минтақа муаррифӣ гардида, ба кормандони илм, мутахассисон, аспирантон ва ҳамаи алоқамандони соҳа тавсия дода шудааст. Монографияи навбатии муҳаққиқ Ҳасан Асоева паҳлӯҳои гуногуни ифодагари аҳамияти минтақавии НБО-и «Роғун», ба монанди «Сиёсати гидроэнергетикии Тоҷикистон ва муаммоҳои амалигардонии он», «Чаро НБО-и «Роғун» маҳз дар ҳамин мавзеъ сохта мешавад?», «Сарбанди неругоҳи «Роғун» ва баҳсу андешаҳо дар атрофи он», «Муҳити экологии НБО-и «Роғун»», «Сиёсати экологӣ ва муаммоҳои сейсмологии НБО-и «Роғун»», «Парваришгоҳи гидрологии «Роғун»», «Туризми Роғун», «НБО-и «Роғун» ва худшиносии миллӣ» ва ғайраҳоро пайгирӣ намуда, дар он маълумоти ҷолибу хонданӣ доир ба неругоҳи мазкур гирдоварӣ шудааст. ![]() Қобили зикр аст, ки коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев ба масъалаи НБО – и «Роғун» таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, аҳамияти ин иншооти муҳими асрро дар ду ҷилди китобҳои қаблан нашрнамудааш таҳти унвонҳои «Роғун – машъалафрӯзи минтақа (ҷилди 1), соли 2018» ва «НБО – и «Роғун» — кафолати рушди устувори минтақа (ҷилди 2), соли 2019» пурра ба риштаи таҳлил кашида, муҳимияти неругоҳро илман исбот намудааст. Дар монографияҳои мазкур, аз ҷумла мавзӯъҳои «Роғун: меҳвари гуфтугӯҳо», «Тарҳи НБО – и «Роғун» аз нигоҳи коршиносон», «Мавқеи географии мавзеи Роғун ва хусусиятҳои табиии он», «Нақши НБО – и «Роғун» дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ», «НБО – и «Роғун» ва муаммоҳои Баҳри Арал» ва ғайраҳо пажӯҳиш шуда, муҳаққиқ хулосаи худро нисбат ба мавзӯи баррасишаванда холисона изҳор доштааст. Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар» АКС: АМИТ «Ховар»
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |