19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАСТОВАРДИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК! Хонандаи тоҷик Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» соҳиби Ҷом, Шоҳҷоиза ва медали тилло гардид

40
Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки аз 31 июл то 7 август дар шаҳри Лондони Британиёи Кабир ҷараён дорад, аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛЕТС» қаҳрамон, соҳиби Ҷом ва Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
ДАСТОВАРДИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК! Хонандаи тоҷик Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» соҳиби Ҷом, Шоҳҷоиза ва медали тилло гардид
Дар маҷмӯъ 73 нафар хонандагони болаёқат аз минтақаҳои Тоҷикистон дар олимпиадаи иштирок намуданд.

Ба иттилои Директори «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Сурайёхон Неъматзода, хонандагони мактабҳои вилояти Суғд, аз ҷумла муассисаҳои таълимии Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Бӯстон дар бахшҳои гуногун дар маҷмӯъ 13 медал ба даст оварданд.

Ҳамчунин омӯзгори фанни англисии «Литсейи давлатии №1»-и ноҳияи Восеъ Ҷамолиддин Фаттоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки хонандаи синфи 8-и литсейи мазкур Омина Худойқулова дар олимпиада мазкур соҳиби ҷои якум ва медали тилло гардид.
ДАСТОВАРДИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК! Хонандаи тоҷик Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «Teeneagle» соҳиби Ҷом, Шоҳҷоиза ва медали тилло гардид
Ҳамин тариқ намояндагони Тоҷикистон бо дастоварди беназир мақоми аввал, Озарбойҷон мақоми дуввум ва кишварҳои Камбоҷаву Бангладеш мақоми саввумро ишғол намуданд.

Олимпидаи байналмилалии «Teeneagle» дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондон баргузор гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонандагон аз 300 муассисаи таълимии дунё ва 27 кишвари олам ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории олимпиада дар сатҳи баланд омӯхтани забони англисӣ буда, иштирокчиёне, ки дар ҳама даврҳои ин олимпиада ғолиб омадаанд, тибқи низомномаи озмун метавонанд барои таҳсили ройгон дар 12 донишгоҳи бонуфузи Англия роҳхат гиранд.


Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус русиву англисӣ дар Тоҷикистон бештар шуда, Ҳукумати мамлакат дар ин самт дастурҳои мушаххас меандешад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ омӯзиши забонҳои хориҷиро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бахусус омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво