19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид

74
Китоби Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» иборат аз ду ҷилд дар нашриёти «Ношир» рӯйи чоп омад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Дар китоб мақолаҳои олимону ходимони давлатии ҷумҳурӣ атрофи мавзӯъҳои гуногун, ба монанди саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, эҳёи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, саҳми занон ва ҷавонон дар рушди ҳаёти ҷомеа, дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зери сиёсати дурандешона ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар гирдоварӣ шудаанд.

Муҳаққиқон андешаи хешро атрофи муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву давлатӣ, ки барои суботи сиёсӣ, амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ ва рушди сиёсати дохиливу берунии кишвар муҳим ба ҳисоб мераванд, баён доштаанд.

Асари мазкур барои муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу тадқиқи масъалаҳои равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеаи муосири Тоҷикистон машғул мебошанд, метавонад чун маводи хуби илмӣ-таҳлилӣ хизмат намояд.

АКС: Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво