29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

12 километр роҳ аз самти деҳаи Навбунёд то деҳаи Даҳанаи Ашт аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд

149
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Пунук, ки дурдастарин ҷамоати ноҳияи Ашт маҳсуб мешавад, бо ҷараёни корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди «Навбунёд-Пунук» шинос шуда, бо мардум мулоқоти сарироҳӣ анҷом дод, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва прокурори ноҳия Баҳриддин Сафарзода бо корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия шинос шуданд.

Дар сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Пунук, ки дурдастарин ҷамоат дар ноҳияи Ашт аст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҷараёни корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди «Навбунёд-Пунук» шинос шуда, ба шахсони саховатпеша ва сокинони меҳнатқарини ҷамоат барои ибтикори бунёдкоронаашон изҳори сипос намуд.

Ба роҳбари ноҳия иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз аз ҷониби шахсони саховатпеша ва мардуми ҷамоат барои таъмири роҳ 400 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардидааст. То ин дам 15 мошин мумфарши гарм бо маблағи 330 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, 12 километр роҳ аз самти деҳаи Навбунёд то деҳаи Даҳана аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Зикр гардид, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук азм доранд, ки то маркази ҷамоат роҳро таъмир намоянд ва дар таъмири роҳи мошингарди «Дӯстӣ-Навбунёд» низ саҳм гузоранд. Ҳамарӯза барои таъмири роҳҳои мошингард ва корҳои ободонӣ зиёда аз 120 нафар сокинони ҷамоат ба ҳашар баромада, софдилона меҳнат мекунанд.

«Мардуми шарафманди ноҳияи Ашт, аз ҷумла сокинони Ҷамоати деҳоти Пунук барои обод намудани диёри хеш таҳти сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама маврид саъю ҷаҳд менамоянд. Шукрона мекунем, ки дар ватани ором, ободу озод зиндагӣ дорем. Ин ҳама ободиҳо меваи тинҷию оромист ва мо бояд ин неъмати бебаҳоро қадр созем»,- гуфт ба сокинони ҷамоат Шӯҳрат Муҳаммадзода.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво