19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон сохтмони бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ оғоз ёфт

122
Вобаста ба амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сохтмони бинои дуошёнаи таҷрибаомӯзӣ оғоз гардид. Дар ин бора котиби матбуоти донишгоҳ Ҳабибулло Сатторов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ин бинои дуошёна бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултетҳои химия, биология ва география дар боғи «Агробиолабораторӣ»-и донишгоҳ ба нақша гирифта шуда, бо лавозимоти муосири таҷрибаомӯзӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Сохтмони бинои замонавии мазкур дар мавзеи бинои пешинаи он, ки корношоям буд, қомат афрохта, айни замон тибқи нақшаи роҳбарияти онишгоҳ корҳои сохтмонии бинои дуошёна оғоз гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, яъне фанҳои астрономия, математика, физика, химия, биология, зоология, география, геометрия ва ғайра ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур доданд, ки аз рӯи фанҳои зикршуда ҳар сол озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро бо зиёд кардани ҷойҳои ифтихорӣ ва аз лиҳози молиявӣ ҳавасманд гардонидани ғолибон ба роҳ монда, дар асоси талаботи нав ва бо мақсади мутобиқ сохтан ба меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таълим стандартҳои давлатӣ ва нақшаву барномаҳои таълимиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсил таҷдиди назар намоянд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво