25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярск 9 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

158
Дар вилояти Суғд миёни Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Агентии “Статус»-и кишвари Красноярск, Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд ва Иттифоқи соҳибкорони Красноярск, ширкатҳои «САМО» ва «Алянс Строй», “САМО» ва «Энергия», «МИН» ва «Селена фарм», «АгроБиоХим» ва «СИВЕР», ширкати нақлиётии «АВВАТ» ва «Железнодорожное снабжение» ва ғайраҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

4 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гурӯҳи соҳибкорони кишвари Красноярски Федератсияи Русия, ки тӯли чор рӯз дар вилоят қарор доштанд, мулоқот намуд.
Соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярск 9 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Соҳибкорони кишвари Красноярск бо роҳбарии ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева ба вилоят омада, бо фаъолияти якчанд корхонаҳои саноатӣ шинос гардиданд.

Меҳмонон ҳамзамон аз минтақаҳои сайёҳии вилоят боздид намуда, бо шароиту имконоти мавҷудаи соҳаи сайёҳӣ шинос шуданд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят доир ба зарфияти вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки «ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли рушд аст.

Бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мубодилаи молу маҳсулот сурат гирифта, Федератсияи Русия аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб мешавад».

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, коркарди ниҳоии пахта, коркарди меваву сабзавот, консерва, банду басти меваи хушк ва содироти он ба Русия баён доштанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво