19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҷаласаи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар Ҳиндустон баргузор мегардад

62
Ҷаласаи махсуси Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ моҳи октябри соли 2022 дар Мумбай баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора нашрияи The Hindu бо истинод ба Кумитаи иҷроия иттилоъ додааст.
Ҷаласаи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар Ҳиндустон баргузор мегардад
«Бо назардошти таҳдидҳои афзоянда, ки дар худ истифодаи нодурусти технологияҳои нав ва ташкилшавандаро фаро мегирад, Кумитаи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид тасмим гирифт ҷаласаи махсуси худро оид ба ин масъала 29 октябр дар Ҳиндустон баргузор намояд»,- изҳор доштааст Кумитаи иҷрояи КЗТ.

Дар нишаст масъалаҳои марбут ба мубориза бар зидди хатарҳои афзоянда, ки дар самти истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ВАО, системаи алоқа ва дастрасӣ, инчунин системаҳои ҳавоии бесарнишин баҳри амалисозии мақсадҳои террористӣ равона мегарданд, баррасӣ мешаванд.

Ҳиндустон имсол раёсати Кумитаи зиддитеррористиро ба уҳда мегирад.

Дар нишасти махсус, ки дар Мумбай баргузор мегардад, иштироки намояндагони 15 кишвари узви доимӣ ва интихобшавандаи Шӯрои амнияти СММ, аз ҷумла Русия, Чин ва ИМА дар назар аст.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво