25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева: «Маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст»

146
Ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева: «Маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст»Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии доираҳои соҳибкории вилоятҳои Суғд ва Красноярск баргузор шуд, ки зимни он ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева оид ба серхаридор будани маҳсулоти тару тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ибрози назар намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур дар доираи сафари соҳибкорони вилояти Красноярск ба вилояти Суғд баргузор гардид. Соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русияро ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Сибири марказӣ Даря Ковалева роҳбаладӣ намуд.

Муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ҳайати меҳмононро самимона хайрамақдам гуфта, барои таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳори сипос намуда оид ба инконияти иқтисодию сармоягузории вилоят ба меҳмонон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар вохӯрӣ имконоти сармоягузории вилоят аз ҷониби сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов муаррифӣ гардид. Даря Ковалева имконияти сармоягузорӣ ва ширкатҳои фаъолияткунандаи вилояти Красноярскро муарифӣ намуд.

Иброз гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Русия серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳарду минтақа метавонанд барои содироти меваи хушку тар, маҳсулоти пахтагин, консерва, обҳои нӯшокӣ тарҳҳои нав амалӣ созанд. Вилояти Суғд барои воридсозии чӯбу тахта, ғалла ва дигар маҳсулот ҳавасманд аст.

Дар вохӯрӣ аз вилояти Красноярск роҳбарони 16 корхонаи истеҳсолӣ, инчунин роҳбарони 50 корхонаи истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилояти Суғд, аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Дар ҷараёни вохӯриҳо дар формати В2В доираҳои тиҷоратии ду минтақа имконияти тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти дорои талабот ба бозорҳои Тоҷикистон ва вилояти Красноярск, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайраро баррасӣ намуданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво