19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавад

149
Дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавадРаиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар ҷаласаи корӣ доир ба масъалаи таъмини хонандагон бо либоси хушсифати мактабӣ гуфт, ки бояд дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷалби коргоҳҳои дӯзандагӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд.

1 август ҷаласаи кории Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини Раёсати кишоварзӣ ва шахсони масъул доир гардид.

Зимни он Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъалаи кишти такрорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои самаранок истифода намудани ҳар порча замини кишоварзӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, барои кишти турб, сабзӣ ва дигар намуди зироат тавсеаҳои судманд изҳор гардиданд.

Дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавад


Раиси ноҳия ба масъалаҳои таъмини хонандагон бо либоси хушсифати мактабӣ эътибори хосса зоҳир намуда иброз дошт, ки «дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷалби коргоҳҳои дӯзандагӣ ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ гузаронида мешавад. Замони иқтисоди бозаргонист ва ҳар нафар метавонад аз коргоҳҳои дӯзандагии дилхоҳаш бо нархи арзон ва сифати баланд либос харидорӣ намояд. Дар ин замина аллакай шахсони масъул вобаста гардидаанд ва рӯзҳои наздик дар маркази ҷамоатҳо ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ ташкил карда мешаванд».

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси ноҳияи Ашт ба масъулини соҳа барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар шашмоҳаи дуюми соли 2022 супоришҳои мушаххас дод.

АКС: АМИТ «Ховар»/Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво