24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ муайян гардид

174
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои иштирок дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ муайян гардидАз 9 то 18 август дар шаҳри Қунияи Туркия Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ баргузор мешаванд. Дар бозиҳо иштироки беш аз 3000 варзишгар аз 57 давлати узви Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ дар назар аст. Аз ҷумла, бо қарори Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон иборат аз 64 нафар (47 варзишгар) ба Қуния сафарбар мегардад. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш: варзиши сабук, камонварӣ, баскетбол, бочча, велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, гимнастика, ҳендбол, дзюдо, каратэ, кикбоксинг, тирпаронии варзишӣ, шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таэквондо, волейбол, варзиши вазнин, гӯштини варзишӣ ва камонварии анъанавӣ ворид шудаанд.

Ҳамчунин дар намудҳои тенниси рӯи миз, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегарданд.

Варзишгарони мо дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, дзюдо, каратэ, тенниси рӯи миз, таэквондо, варзиши вазнин ва гӯштини варзишӣ сабқат мекунанд. Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор сол як маротиба доир мегарданд. Варзишгарони тоҷик дар бозиҳо ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, Дилшод Назаров дар гурзандозӣ медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо (WT) дар вазни то 54 кило медали нуқра ба даст оварданд.
4 медали дигарро варзишгарони мо дар Бозиҳои 4-уми ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи майи соли 2017 дар пойтахти Озарбойҷон — шаҳри Боку доир гардид, дар варзишҳои зӯрхонаӣ сазовор шуданд. Наврӯз Арабов дар равияҳои «санг» ва «мили сангин» соҳиби ду медали биринҷӣ шуд. Ду медали дигари биринҷиро Абдуалӣ Назаралӣ дар мусобиқаи «чархи чаманӣ» ва Исмоил Сангов дар «каббода» сазовор гардида буданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои 5-уми ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2022:

НАМОЯНДАГОНИ РАСМӢ
1. Абдуллозода Муҳаммадшо, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
2. Салимбекзода Улуғбек, директори Департаменти робитаҳои берунӣ ва кор бо барномаҳои олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
3. Собирзода Бахтиёр, директори Департаменти хазинадории Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

ВАРЗИШИ САБУК
4. Аҳмадиев Илдар (100м; ҷаҳиш ба дарозӣ)
5. Музрапов Фаворис (100м; 200м)
6. Пронженко Александ (200м; 400м)
7. Пронженко Леонид (110м бо монеаҳо; 400м бо монеаҳо)
8. Саидалиев Салим (ҷаҳиш ба баландӣ; ҷаҳиши секарата)
9. Негматов Ғайрат — мураббӣ

ТАЭКВАНДО
10. Ойматова Муниса (-53кг)
11. Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан (-74кг)
12. Фозилов Исломиддин — мураббӣ

КАРАТЭ
13. Сатторова Санобар (-50кг)
14. Тешаев Муҳаммад (-60кг)
15. Фаттоев Асадбек (-75кг)
16. Раҳимов Фаррухҷон (-84кг)
17. Доменко Тимур (+84кг)
18. Бодаков Муҳаммад — мураббӣ
19. Сафаров Насим — намоянда

ДЗЮДО
20. Муъминова Аҳлия (-52кг)
21. Қаландарова Шоҳида (-57кг)
22. Одинаева Мавлуда (-70кг)
23. Саидаброров Шаҳбоз (-66кг)
24. Сарахонов Муҳаммадраҳим (-73кг)
25. Маҳмадбеков Сомон (-81кг)
26. Ризоев Шодмон (-81кг)
27. Устопириён Комроншоҳ (-90кг)
28. Маҷидов Ҷаҳонгир (-90кг)
29. Абубакри Акобир (-100кг)
30. Абдураҳмонов Муҳаммадмурод — мураббӣ
31. Маҳмадбеков Фотеҳ — мураббӣ
32. Саидова Шамсия — намоянда
ВАРЗИШИ ВАЗНИН
33. Шукуров Илҳомҷон (81кг)

ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
34. Султонов Убайдулло
35. Маҳмудов Афзал
36. Исмоилов Ҷамшед
37. Исмоилзода Иброҳим
38. Одинаев Некрӯз
39. Раҳмонзода Иноятулло
40. Исмоилова Динара
41. Ахмедов Зокир — мураббӣ
42. Чао Чангхао — мураббӣ
43. Шарипова Файзинисо — табиб
ПАРА-ТЕННИСИ РӮИ МИЗ
44. Екатерина Ишенко
ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД
45. Шакаршоева Ватансултон (-53кг)
46. Воҳидов Ҳикматулло (-57)
47. Икромов Муҳаммад (-61кг)
48. Шарифов Ҷамшед (-70кг)
49. Шарипов Ғуломҷон (-74кг)
50. Икромов Сомон (-79кг)
51. Маҳмадбеков Раҳмон (-97кг)

ЮНОНӢ-РИМӢ
52. Азизов Аслам (-55кг)
53. Мирзораҷабов Фирӯз (-63кг)
54. Очилов Шероз (-72кг)
55. Абдулҳаев Суҳроб (-82кг)
56. Ҳасанов Бахтовар (-87кг)
57. Сафаров Мирзоамин (-97кг)
58. Олимов Абдурозиқ — мураббӣ
59. Ҳайдаров Равшан — мураббӣ
60. Раҳмонов Фаррухрӯз — мураббӣ
61. Баҳромов Шодӣ — намоянда

КАМОНВАРӢ
62. Роберт Нам
63. Аҳмадова Дилноза
64. Зубайдова Фирӯза

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво