29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфт

201
Шоми дирӯз, 1 август бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Мусобиқаи XII байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз 7 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Шветсия иштирок доранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид. Ин имкон медиҳад, ки нуфузи мусобиқа дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар шавад.

Хотиррасон мекунем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005 нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 моҳи август ҳамасола дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон роҳандозӣ мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 август идома меёбад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво