26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

124
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Шӯрои давлатӣ ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот дар ҳошияи 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чун самти афзалиятдори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, ҷаҳду талоши роҳбарони давлатҳо дар рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар бесобиқа арзёбӣ гардид.

Дар ин раванд ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, маориф ва ҷалби сармояву технологияҳои пешрафтаи Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди инфрасохтор ва ободонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми мулоқот атрофи вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши амният мубодилаи афкор сурат гирифт.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво