25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардид

155
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон доир ба мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардидВазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Аики Тосихиро мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рамазон Раҳимзода зикр кард, ки «Ҷопон дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хосса дорад ва мо давлати Шуморо шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ менамоем».

Дар ҷараёни мулоқот саҳми назарраси Агентии байналмилалии ҳамкории Ҷопон (JICA) барои таҳкими ҳамкорӣ махсус зикр гардид.

Аики Тосихиро иброз намуд, ки Ҷопон кӯшиш менамояд ҳамкорӣ бо Тоҷикистон боз ҳам бештар шавад, зеро мардуми ду кишвар бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.

Акс: ВКД ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво