24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

2 август Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

228
2 август Кумитаи кор бо занон ва оила, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд 2 август Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар шашмоҳи аввали соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотиро соати 08:00 дар Агентии мазкур (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», ошёнаи 3) доир менамояд.

Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила соати 10:00 дар Кумитаи кор бо занон ва оила (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 3, собиқ бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мешавад.

Агентии хизмати давлатӣ нишасти матбуотиро соати 14:00 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» тавассути телефонҳои 238-52-23, 888-08-34-04 мувофиқа намоянд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво