БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Оқмамади ноҳияи Шуғнон бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд
181
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Оқмамади Ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон дар вазъияти тантанавӣ бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
Зимни ифтитоҳи он Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ва сокинону кормандони соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд. Зикр гардид, ки ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёр мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Бунгоҳи тиббии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобатӣ иборат аст. Ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва таҳкими заминаи моддӣ–техникии муассисаҳои тиббӣ дар деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бунгоҳи нави саломатӣ бунёд гардида истодааст. Дар сохтмони бунгоҳи тиббӣ сокинони деҳа саҳми арзанда гузошта, масолеҳи сохтмонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ноҳия ҷудо шудааст. Бунгоҳи саломатӣ пас аз мавриди истифода қарор гирифтан бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шуда, барои деҳаи Вабист, ки зиёда 460 нафар аҳолӣ дар он сукунат доранд, хизмат мерасонад. Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Навобод аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дидан намуда, зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор кард ва таъкид дошт, ки бинои мазкур бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шавад. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |