29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон

712
Дар шаҳри Душанбе корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола идома доранд.
Масъулини ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри омодагӣ ба мавсими мазкур ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Аз ҷумла, дар кӯчаи Беҳзод коргарони шабакаҳои барқии ноҳия дарахтонро аз шохаҳои хушкида тоза намуда, ба иваз намудани ноқилҳои корношоям ва дигар корҳои пешгирикунанда машғул буданд.
Тавре устои калони шабакаҳои барқии ноҳияи мазкур Додарҷон Мирзоев зикр кард, бо мақсади бехатарии роҳгузарон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, тамоми дарахтони кӯчаву хиёбонҳои ноҳияро аз шохаҳои хушк тоза намуда менамоян, зеро ҳангоми вазидани шамоли сахт, боридани барфу борон хавфи ба болои одамон афтидан ва осеб ёфтани онҳо вуҷуд дорад.
«Хамчунин ҳамаи ноқилҳои корношоямро иваз намуда, мутобиқати онҳоро ба фасли сармо санҷида истодаем»,- афзуд Д.Мирзоев.
Кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои ноҳия ҳам дар кӯчаи мазкур ба корҳои ободонию омодагӣ машғул буданд. Онҳо бо мақсади сар назадани сел ҳангоми боридани борон ҷӯйборҳоро тоза, кӯпрукчаҳои болои онҳоро таъмир ва бехи дарахтонро нарм, навдаҳои нодаркори буттаву гулҳоро бурида, ба тартиб медароварданд.
Хотиррасон менамоем, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум зимни барасиии масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 аз роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт бо қотеият талаб кард, ки тамоми камбудӣ ва нуқсонҳои мавҷударо сари вақт бартараф намуда, дар ободонӣ ва фароҳам овардани шароит барои сокинон дар фасли сармо саҳми арзанда гузоранд.
Раиси шаҳр ҳамчунин масъулинро ҷиҳати гузаронидани корҳои профилактикӣ, иваз намудани ноқилҳои корношоям, муоинаи қуттиҳои барқтақсимкунӣ, ивази равғанҳои трансформаторҳо ва захираи сӯзишворӣ, инчунин барои дар оянда даст кашидан аз пошидани қуму намак дар роҳҳо ва ба ҷои он истифодаи моеъҳои замонавӣ, сари вақт ворид намудани техникаҳои коммуналии нав вазифадор намуд.
Ҳамчунин роҳбарони соҳаҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки бо мақсади пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, равған, орд, инчунин ангишт ва ҳезум ҳамкориро ҷиҳати захира намудани маҳсулоти номбурда бо хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор ҷоннок намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво