29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ба Тоҷикистон 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer» ворид карда шуд

152
Ба Тоҷикистон 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer» ворид карда шуд 28 июл ба Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX 195 ҳазору 390 воя ваксинаи «Pfizer» ворид карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Субҳи 25 июл низ ба ҷумҳурӣ 204 ҳазору 750 воя ваксинаи «Pfizer»-и истеҳсоли ИМА ворид гардида буд. Давоми шаш моҳи соли равон аз ин намуди ваксина ба мамлакат 897 390 воя ворид шудааст.

Аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон ворид гардидааст, ки дар шаш моҳи соли равон 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека»-ро ташкил медиҳад.

То аввали моҳи июл вояи аввали ваксинаро 94,0 фоиз, вояи дуюмро 92,2 фоиз ва вояи сеюмро 73,3 фоизи аҳолии кишвар гирифтаанд.

Тамоми ваксинаҳои воридгардида дар анборҳои махсуси вазорат нигаҳдорӣ мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво