26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз ноҳияи Ашт боздид намуд

274
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз ноҳияи Ашт боздид намудМуовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, муовини якуми Вазири кишоварзӣ Музаффар Мирзозода ва муовини Раиси вилоят оид ба масоили кишоварзӣ Зариф Мирдадо нахуст аз хоҷагии давлатии зотпарварӣ ба номи Туйчӣ Эрйигитов боздид намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

Муовини Сарвазир вобаста ба вусъат додани корҳо дар соҳаи обёрӣ, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани замин, инчунин зиёд намудани истеҳсоли пашм ва саршумори чорво ба масъулин дастуру тавсияҳо дод.

Ҳамзамон боздид дар хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» идома ёфт, ки бунёдгузораш соҳибкорони ватанӣ- бародарон Махсудҷоновҳо мебошанд. Хоҷагии мазкур то ҳол 120 тонна ҳосили ангурро ба хориҷа содирот намудааст ва ин раванд давом дорад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз ноҳияи Ашт боздид намуд


Дар идома меҳмонон бо нашъунамои пахтаи ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор, Ориён ва Ашт шинос гардиданд ва барои баланд бардошти ҳосилнокӣ тавсияҳо дода шуд.

Баъдан ҳайат аз ҷараёни сохтмони корхонаи саноатии ҷӯроббофӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуд. Коргоҳи мазкур дар шафати роҳи «Ғафуров-Қаҳрамон-Пунгон» бунёд гардида, аллакай таҳкурсигузорӣ оғоз шудааст.

Шӯҳрат Муҳаммадзода ба меҳмонон иттилоъ дод, ки баъди ба истифода додани коргоҳ 200 нафар бонувон аз 9 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия дар 3 баст ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд. Сулаймон Зиёзода ба масъулин дастур дод, ки сифати маҳсулот бояд мувофиқ ба стандарти ҷаҳонӣ бошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво