Баргузории ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Лоиҳаи CASA-1000 дар Дубай![]()
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб 1 октябр ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур ҳайати тоҷикистониро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳаро барои таъмини ҳарчӣ зудтари оғози татбиқи тиҷоратии Лоиҳаи CASA-1000 даъват кард. Ӯ инчунин иброз дошт, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон барпо гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ба хулосае расиданд, ки марҳилаи оғози Лоиҳа ҳарчӣ зудтар сурат гирад. Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин санади тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |