26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҷаллаи бонуфузи британии «Oryx» комёбии Тоҷикистонро дар ҳифзи бузи кӯҳии морхӯр бозтоб намудааст

90
Маҷаллаи бонуфузи британии «Oryx» комёбии Тоҷикистонро дар ҳифзи бузи кӯҳии морхӯр бозтоб намудаастМаҷаллаи бонуфузи Кембриҷи Британияи Кабир «Oryx» маводеро таҳти унвони «Мониторинги Морхӯр (Caprafalconeri) дар Тоҷикистон аз беҳбуди популятсияи он шаҳодат медиҳад» нашр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муаллифони мақола мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гурӯҳи коршиносони Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (ИБҲТ) мебошанд, ки солҳои 2021-2022 аз Тоҷикистон дидан кардаанд. Ҳадафи боздид он буд, ки таҷрибаю малакаи онҳо барои нигоҳ доштани ин намуди ҳайвони нодири ба Китоби сурх воридгашта омӯхта шавад. Зимни баргузории машғулият ва корҳои бевоситаи саҳроӣ (баҳисобгирӣ) муайян гардид, ки дар Тоҷикистон афзоиши мунтазами ин намуди ҳайвони нодир –бузи кӯҳии морхӯр мушоҳида карда мешавад.

Дар мақола навишта шудааст, ки бузи кӯҳии морхӯр (Caprafalconeri) дар Китоби сурхи ИБҲТ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳайвони зери хатари нобудшавӣ қарордошта қайд гаштааст. Дар баҳисобгирии ин ҳайвони нодир мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, гурӯҳи коршиносони байналмилалӣ ва дигарон иштирок намудаанд.

Бузи кӯҳии морхӯр (Capra falconeri) — ҷонвари ҷуфтсуми ваҳшӣ аст. Морхӯр, ки дар забонҳои форсӣ, урду, пашту, панҷобӣ ва кашмирӣ номи ин ҷонвар аст, аз боварҳои маҳаллист, ки ин ҷонвар морҳоро кушта, мехӯрад. Се намуди морхӯр шинохта шудааст: Capra falconeri falconeri —морхӯри шохпаҳн, гунае, ки 2 зергунаро дар бар мегирад, falconeri ё морхӯри астурӣ, ки дар шимоли Покистон аст ва cashmirensis ё морхӯри кашмирӣ, ки дар шимолу шарқи Афғонистон, шимоли Покистон ва шимоли Ҳиндустон зиндагӣ менамояд.

Capra falconeri heptneri ё бузи кӯҳии морхӯри тоҷикӣ ё ки морхӯри бухороист, ки дар шарқи Туркманистон ва ҷанубу шарқи Узбекистон- сарзамини миёни рӯдҳои Панҷ ва Вахш дар ҷанубу ғарби Тоҷикистон ва шимолу шарқи Афғонистон зиндагӣ менамояд ва зергунаи ognevi ё морхӯри туркманиро дар бар мегирад, ки дар риштакӯҳи Кӯҳитанг зиндагӣ мекунад. Capra falconeri megaceros ё орхӯри ростшох, ки низ 2 зергунаро дар бар мегирад: megaceros ё морхӯри кобулӣ, ки дар шарқи Афғонистон (вилоятҳои Кобул ва Каписо), марказ ва ғарби Покистон ва jerdoni ё морхӯри кӯҳҳои Сулаймон, ки дар марказ ва ғарби Покистон ба сар мебаранд.

Дар Тоҷикистон як зернамуди морхӯр маълум буда, ҷуссааш калон -дарозии наринааш 155—170 см, вазанаш 80-109 кг, модинааш 140—150 см, вазнаш 32-41 кг аст вапойҳои дарози пурқуввату шохи пармашакли вазнин- 3735 г дорад. Ҳаҷм ва шакли шохи морхӯр гуногун аст. Рангаш бӯри малла, ашҳабӣ ё хокистарранги сафед аст.

Морхӯри нарина риши дарози то 30 см дорад. Пашми морхӯр вобаста ба фасли сол тағйир меёбад, дар зимистон дарози маҳин ва тобистон нисбатан кӯтоҳи тунук мешавад. Даври ҳамлаш 5-6 моҳ тӯл кашида, моҳҳои апрел ва июн 1-2 бача таваллуд мекунад. Морхӯр ҷонвари хоси кӯҳистон буда, дар баландиҳои 2000—2800 метр аз сатҳи баҳр зиндагӣ менамояд.

Бузи морхӯр дар Тоҷикистон фақат дар ҷанубу ғарби кӯҳсори Дарвоз ва Ҳазратишоҳ сукунат дорад. Хӯрокаш алаф ва шоху барги баъзе дарахтон мебошад. Бо мақсади муҳофизати морхӯр дар Тоҷикистон парваришгоҳи «Дашти Ҷум» бунёд карда шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво