28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз болои дарёи Вахш пули 760-метра бо тарҳи мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад

137
Масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи сохтмони роҳи мошингарди лоиҳаи Роғун-Обигарм-Нуробод аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, зимни мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати «Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture»-и Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сохтмони пул бо равишҳои пешниҳоди молиявӣ барои интихоби хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ оид ба тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.

Мавриди зикр аст, ки таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи беш аз 123 миллион доллари амрикоӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, татбиқи лоиҳа охири соли 2023 дар назар дошта шудааст.

Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+ 217 км) роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад.

Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч- 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷуда ва 1 пули муваққатӣ дар назар аст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво