25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 15 миллион сомонӣ хисорот ворид гардидааст

183
Бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 15 миллион сомонӣ хисорот ворид гардидаастСоли равон дар Тоҷикистон 606 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шуданд, ки 36 ҳодисаи он ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонид. Дар маҷмӯъ ба иқтисодиёти кишвар бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ беш аз 15 миллион сомонӣ хисорот ворид гардид. Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Рустам Назарзода афзуд, ки «дар натиҷаи офатҳои табиӣ 8 нафар шаҳрвандони мамлакат ба ҳалокат расиданд. Аз ин омор 2 нафар дар натиҷаи омадани сел, 2 нафар ҳангоми фаромадани тарма, 2 нафар дар резиши санг ва 2 нафар зимни ба амал омадани раъду барқ фавтидаанд».

Бар асари ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ 88 хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла 16 хона пурра, 19 манзил қисман, 179 иншооти ёрирасон, 2 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 17 пул, 107 гектар замини кишт ва 298 км роҳи мошингард зарар дидаанд.

Зикр гардид, ки ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ кумакҳо расонида шуданд.

Бар асари ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 15 миллион сомонӣ хисорот ворид гардидааст


Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво